Ҷамъбасти даври ниҳоии «Овози тиллоӣ- 2014»

Лоиҳаи озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ- 2014», ки тӯли 6- моҳ бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон– Баҳористон» миёни наврасону ҷавонони аз синни 10 то 20 сола ҷараён дошт, санаи 19- уми июли соли 2014 бо муваффақият ҷамъбаст гардид. Маросими бо тантанаи супоридани ҷоиза ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ба ғолибони озмун дар Кохи

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Малайзия Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ

18.07.2014. шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро дар қаламрави Украина, ки муҷиби шаҳодати

Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Данн

15.07.2014 09:51, шаҳри Душанбе  Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста

Мулоқот бо Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе

14.07.2014 17:09, шаҳри Душанбе  
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири калони ширкати “Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуд.

Страницы