РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши Тоҷикистон дар баргузории Конфронси оби СММ-2023 — таассуроти роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ

Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти ҳамраисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид, ки имрӯз, 24 март ҷамъбаст карда мешавад.

Дар доираи конфронси мазкур АМИТ «Ховар» аз чанде аз роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ таассуроташонро пурсон шуд, ки дар зимн фишурдаи он пешниҳоди хонандагон карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра — Созмони Милали Муттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи Созмон ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.

ХУШТАРИН ПАЙҒОМИ НАВРӮЗӢ. Ба пешсафии Тоҷикистон дар раванди оби СММ баҳои баланд доданд

Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуда, ба ҷаҳониён сарҷамъкунанда ва рамзи сулҳу ваҳдат будани онро бори дигар собит намуданд. Иштирок ва суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 март дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои

Страницы