Ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардид

Дар нашрияҳои маъруфи  Покистон бо забонҳои англисӣ ва урду таҳти унвони «Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид» мақолаҳо ба нашр расиданд, ки ба ташаббуси глобалии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар медиҳад.

Дар мақолаҳо ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги он дар ташвиқи тарзи ҳаёти солим таъкид шудааст.

Дар хулосаи мақолаҳо, ки бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод ба нашр расидаанд, гуфта шудааст, ки ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, пеш аз ҳама, ба беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин ҳамчун муҳимтарин васила ба муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мусоидат менамояд.