Ахбор

Тавзеҳнома ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷаҳони муосир варзиш ба василаи муҳимтарини таъмини сулҳ ва ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тавассути он давлатҳо ва халқу миллатҳо мақом ва нуфузи байналмилалии худро ҳифз намуда, аз ҳувияту шарафи худ дифоъ менамоянд.

Варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии фарҳанги миллии мо ба шумор рафта, ҳанӯз аз замонҳои қадим тоҷикон дорои намудҳои гуногуни бозиҳои миллии варзишӣ буданд ва ба он майлу рағбати беандоза доштанд.

Дар фарҳанги миллии мо варзиш — рамзи ҷавонмардӣ ва шуҷоату далерӣ шинохта шуда, наврасону ҷавонон ба таври оммавӣ ба машқу тавонмандӣ ҷалб карда мешаванд.

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ варзиш дар сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи шоиста касб намуда, ҷиҳати омода кардани варзишгарони касбӣ аз рӯйи ҳамаи намудҳои варзиш шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 46 ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 1787 500 (як миллиону ҳафтсаду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд.

2. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат муайян намудаанд.

Дар ин робита, моҳи декабри соли 2024 ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони ташкилотҳои дигари буҷетӣ инчунин стипендия ва нафақа зиёд карда шавад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2025:

— ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;

Страницы