Оғози боздид аз ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон

Субҳи барвақт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Носири Хусрав ташриф овард.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст оғоз бахшид.
Тибқи лоиҳа, мактаб аз 2 бинои таълимӣ, бинои алоҳида барои толори варзишӣ ва дигар биною

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо аксбардории умумии сарони давлатҳои иштирокдори ин созмон оғоз ёфт.
Дар ҷаласа ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети иттиҳод барои соли 2013, ворид намудани тағйирот ба буҷети он дар соли 2014 ва масоили вобаста ба барҳам додани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳамкории иқтисодии кишварҳои

Иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск

Дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистону Туркманистон, Арманистону Озарбойҷон, Молдова, Русия ва кишвари мизбон-Беларус ба ҳам омаданд. Аз Украина сафири ин кишвар дар Беларус намояндагӣ кард.
Масоили таҳкими ҳамкории сиёсию амниятӣ

Сафари корӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев

Страницы