Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд
Нашр шуд. Чор, 05/08/2020 - 21:08
5 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти иҷроиши Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, махсусан рушди боғҳои интенсивӣ, ҳолати нигоҳубин ва нашъунамои дарахтон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мебошад.