Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Арманистонро хайрамақдам гуфта, робитаҳои деринаи Тоҷикистону Арманистонро омили муҳими рушди пайдарпайи муносибатҳои ду кишвар номиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар мулоқот масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуъи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Страницы