Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шакли маҳдуд оғоз гардида, дар ҳайати васеъ идома ёфт.

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор шуд

 Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Дар Душанбе 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик бошукуҳ таҷлил шуд

11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр мебошад. Имсол дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Страницы