Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва Русия бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт
Нашр шуд. Пан, 23/11/2023 - 08:32Ҳамкории байнидавлатӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи иттилооти молиявӣ ба сатҳи сифатан нав баромад. Ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ то 82 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмӣ ба Федератсияи Русия маълумот доданд.