Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон ташриф овард

Субҳи имрӯз Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад. Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Раслузода  мулоқот намуда, дар барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» иштирок менамояд.

АМИТ «Ховар»