Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 1 май баргузор карда мешавад
Нашр шуд. Шан, 27/04/2024 - 14:52Боздид аз Осорхонаи Ватикан
Нашр шуд. Ҷум, 26/04/2024 - 17:3126 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Ватикан маҷмӯи осорхонаҳоест, ки дар қаламрави давлати Ватикан ҷойгир аст.
Маҷмаи осорхонаҳо аз ҷониби попҳо бунёд шуда, асарҳои бадеии ҳунармандони гузашта, аз ҷумла асарҳои давраи Ренессансро дар бар мегиранд.
Таърихи таъсисёбии Осорхонаи Ватикан аз соли 1506 оғоз ёфта, соли 1771 кушода шудааст. Бунёдгузори Осорхонаҳо Папа Юлий II мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 26/04/2024 - 17:0026 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовари меҳмони олимақом Горди фахрӣ саф орост.
Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.
Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.









