Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 1 май баргузор карда мешавад

Санаи баргузории нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар Тоҷикистон ба 1 май гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар доманакӯҳҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии «Дипсервис» доир карда мешавад.

Дар он зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Аврупо, Амрико, Арманистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Беларус, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Узбекистон ва Тоҷикистон байни худ қувваозмоӣ мекунанд.