Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Прокуратураи генералӣ, «Амонатбонк» ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба визифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон ва ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Қосимзода Хайриддин Шарифҷон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол гардид.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Страницы