Зўри мушт аз ваҳдати ангушт меояд ба даст…
Нашр шуд. Душ, 03/05/2021 - 17:12(Назаре чанд оид ба масоили муноқишаҳои марзии миёни чумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон)
Саҳфаҳои рангини рўзгор ва равиши зиндагӣ ҳикмату ифодаҳои мантиқии ин дурдонагуфторро дар ҳар давру замон ба шаклу сурате татбиқ менамояд, ки хулосаи интиҳояш аз ибтидо то ба интиҳо мазмуни «Об агар садпора гардад боз бо ҳам ошност»-ро фарогир мебошад. Васлу пайдарҳамӣ ва авлавияту устувории гуфтаҳои ҳамдиливу ҳамраъӣ, сарҷамъиву иттиҳод ва рафоқату баҳамомаданҳо аз равзанае об мехўранд, ки хатми интиҳояш моро ба суйи сулҳу субот ва дастёбии Ваҳдату якпорчагии сартосарӣ раҳнамун месозад.