Рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Нашр шуд. Чор, 01/02/2023 - 11:0431 январ баъд аз нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он беш аз 30 нафар хабарнигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок доштанд, рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар донишгоҳи мазкур боздид намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳайати рӯзноманигоронро намояндагони раёсати донишгоҳ ва зумрае аз устодони факултети журналистика роҳнамоӣ намуданд.