Бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзила дар Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд
Нашр шуд. Ҷум, 10/02/2023 - 15:19Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Кумаки башардӯстона аз маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ иборат мебошад.
Дар баробари ин ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма, кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас карда мешавад.