Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 27 дар деҳаи Паркамчии деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара
Нашр шуд. Душ, 05/11/2018 - 15:46Ҳозирини муҳтарам!
Тавре ки медонед, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, дигар сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд, умуман, аҳли ҷомеаи кишвар вазифадор карда шудаанд, ки мақсад аз он вусъат додани амалҳои созандагиву ободкорӣ ва ба ин васила ба арсаи ташаббусу иқдомҳои бунёдкорӣ табдил додани ҳар як гӯшаи Ватанамон мебошад.
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Раҳмон Футур» дар ноҳияи Данғара
Нашр шуд. Душ, 05/11/2018 - 15:45Дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти намунавии Кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии «Раҳмон Футур» шинос шуданд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 ва Маркази саломатӣ дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғара
Нашр шуд. Душ, 05/11/2018 - 15:44Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 — ро ифтитоҳ карданд.