ҶУДО. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия иштирок менамоянд

Пагоҳ дар шаҳри Одивеласи Португалия аввалин мавсими нави мусобиқаи ҷаҳонии Grand Prix Portugol 2024 оид ба намуди гӯштини ҷудо оғоз шуда, то 28 январ идома меёбад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи Гран-Прии Португалия иштироки беш аз 640 варзишгар аз 92 давлат дар назар аст. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳашт паҳлавони мард ва як зан намояндагӣ менамоянд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Сӯфиев, ҳарду дар вазни то 60 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг, Умедҷон Раҷабов ва Комроншоҳи Устопириён, ҳарду дар вазни то 90 кг, Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода, ҳарду дар вазни то 100 кг дар сабқати мардон, инчунин Аҳлия Муъминова дар вазни то 52 кг дар сабқати занон рақобат менамоянд.

Барномаи мусобиқа:

26 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва 60 кг, -66 кг байни мардон баргузор мегардад.

27 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг байни занон ва -73 кг, -81 кг байни мардон доир мешаванд.

28 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг байни занон ва -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон баргузор мегарданд.

Ба ҷуз аз медал ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида мешаванд. Инчунин иштирокдорони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ мегарданд.