ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8-ниҳоӣ бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд

Имрӯз, 28 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023  бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Агар дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ пирӯз шавад, 2 феврал дар даври даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун бозӣ менамояд.