Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»

Президенти Тоҷикистон дар Паёми шодбошиашон ба ифтихори Наврӯзи 2024 аз мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон давоми солҳои охир изҳори нигаронӣ намуда, баён доштанд, ки тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин паҳн шудани бемориҳои сироятӣ боис гардидааст, то таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардад.

Ба иттилои Сарвари давлат, дар мамлакати мо низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта 70 фоиз кам мебошад. «Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имконияти мавҷуда, табиату иқлими мусоиди мамлакат ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем»,-иброз доштанд Президенти мамлакат.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.