НАЗАРИ КОРШИНОС. Имрӯз Тоҷикистон омили муҳими суботи сиёсӣ дар минтақа гардидааст

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ бо шарикони стратегӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, имиҷи сиёсӣ ва эътибори байналмилалии давлати соҳибистиқлоламонро дар арсаи ҷаҳонӣ бамаротиб боло бурд. Маҳз сиёсати хориҷии муваффақона ва «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳон сабаб гардид, ки бо сарварӣ ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ робитаҳо густариш ёбанд ва мамлакати мо имрӯз яке аз омилҳои муҳимми суботи сиёсӣ дар минтақа дониста шавад.

Чунин изҳор намудааст сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода, ки шакли пурраи мақоларо дар зер пешниҳод менамоем.

— Воқеан ҳам дар ҳошияи сафарҳои расмии намояндагони воломақоми давлатҳои Осиёи Марказӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи давлатҳо мунтазам баррасӣ гардида, ҳамкории мутақобилан судманд дар самти тиҷорату иқтисод маҷрои нав мегирад. Бахусус, сафарҳои сарони давлатҳо ба рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба замина мегузорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодии минтақавӣ ва ҷаҳон назари нек дошта, афзалият ва дурнамои густариши ҳамкории судманди дуҷонибаро таконбахши рушд медонад. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа диққати хос дода, дар самтҳои гуногун заминаро барои ҳамкорӣ фароҳам овардааст. Имрӯзҳо бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва ниҳоят пайомадҳои тағйирёбии иқлим боис мегардад, ки ҳамкории давлатҳо дар раванди ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардад.

Қобили иброз аст, ки дар ҳама самтҳо тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ буда, омили муҳими сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва таъмини сулҳу суботи минтақавӣ мебошад. Дар ин росто, барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тағйироти ҷиддӣ ва вазъи мураккаби иқтисоду бозор дар минтақа ва ҷаҳон ҳамеша масъалаи муҳиму ҳалталаб дониста шуда, дар ҳошияи сафарҳои дуҷониба муҳимтарин иқдом гирифта мешавад.

Албатта, имрӯзҳо вобаста ба авлавияти ҷонибҳо дар сатҳҳои гуногун самараи тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд баръало мушоҳида  мешавад. Бо назардошти ин, ҳадафҳо ва афзалияти асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян буда, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузориро дар самтҳои гуногун дар бар мегирад. Аз ин рӯ, имконият дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, саноату энергетика ва логистика фаровон буда, ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, санадҳои гуногун байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ вобаста ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расидаанд, ки бештар хусусияти сиёсию иқтисодӣ доранд.

Зимнан, ҳолат ва дурнамои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар сатҳи соҳаҳои гуногун амалӣ шуда, дар ҳоли рушд қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариш ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд омода буда, бо ҷалби маблағгузории ширкатҳои сармоягузории Узбекистон ба афзоиши гардиши мол ва пешбурди лоиҳаҳои ояндадор диққати махсус медиҳад. Бо назардошти ин, дар самти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Узбекистон ҳамчун шарики стратегӣ ва ҳамҷавор ба ҳимояи манфиатҳои муштараки минтақавӣ замина гузошта шуда, бо вусъат ёфтани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ   гардиши молу маҳсулот беш аз пеш афзоиш ёфт. Масалан, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон соли 2023-юм 504,4 миллион долларро ташкил намуд, ки ин рақам соли 2000 ба 283,4 миллион доллар баробар буда, 1,8 баробар афзудааст. Ҳамзамон ба андозаи 151 миллион доллар молу маҳсулот содирот шудааст, ки ин миқдор соли 2000 ба 97,8 миллион доллар баробар буд. Ин рақам нисбат ба соли 2000-ум 1,5 баробар зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки дар баробари содироти маҳсулоти зарурӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон бештари молу маҳсулот низ ба ҷумҳурии мо ворид гардида, соли 2023-юм 353,5 миллион долларро ташкил намуд, ки ин рақам соли 2000 ба 185,6 миллион доллар баробар буд.  Ин рақам нисбат ба соли 2000-ум 1,9 баробар зиёд гардидааст.

Вобаста ба ин, дар руҳияи ҳамкории баробарнафъи минтақавӣ гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон соли 2023-юм 1 миллиарду 148,7 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки ин рақам соли 2000 ба 88,1 миллион доллар баробар буда, нисбат ба соли 2000  13 баробар зиёд мебошад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба андозаи 255,8 миллион доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки ин рақам соли 2000-ум 5,7 миллион долларро ташкил менамуд. Яъне нисбат ба соли 2000-ум 45 баробар зиёд мебошад. Ҳамзамон воридоти молу маҳсулот аз ин кишвар ба ҷумҳурӣ соли 2023-юм 892,9 миллион долларро ташкил намуда, ин рақам соли 2000 ба 82,4 миллион доллар баробар буд, яъне нисбат ба соли 2000   10,8 баробар зиёд шудааст.

Дарвоқеъ, роҳбарияти олии ду давлат ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, масъалаи густариши ҳамкории стратегии иқтисодӣ ва гардиши бештари мол муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар фазои якдигарфаҳмӣ амалӣ гардида, гардиши савдои хориҷии ду давлат соли 2023 ба 42 миллион доллар расонида шуд, ки ин рақам  соли 2000 ба 34 миллион баробар буд ва он дар ин давра 23,5 дарсад афзудааст. Соли 2023 содироти  молу маҳсулот 1,1 миллион доллар ва воридоти молу маҳсулоти зарури аз ин давлат 41 миллион долларро ташкил намуд.

Ниҳоят, ҷамъи содирот бо ин давлатҳо соли 2023  407,9 миллион  долларро ташкил намуд, ки ин рақам соли 2000 ба 108,2 миллион  доллар баробар буда, дар ин давра 3,8 баробар зиёд гардидааст. Дар ин росто, ҷамъи воридот аз ин давлатҳо соли 2023-юм 1 миллиарду  287,4 миллион долларро ташкил намуд, ки ин рақам соли 2000-ум 297,3 миллион долларро ташкил намуд. Яъне, ки 4,3 баробар афзудааст.

Бо назардошти авлавият ва тақвияти ҳамкории судманди давлатҳои минтақа рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои ояндадор мувофиқи мақсад мешуморем:

-тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд ва ҷалби сармояи ширкатҳои минтақавӣ;

-вобаста ба самтҳои афзалиятнок табодули таҷриба ва таъсиси бештари корхонаҳои муштарак;

-дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва густариши ҳамкории дуҷониба;

-татбиқи лоиҳаҳои «сабз» дар самтҳои гуногун ва ғайра.

Ҳамин тавр, ҳамгироии созанда ба манфиати давлатҳои минтақа буда, ҳалли мушкилот бар пояи эҳтироми ду ҷониб ва дарки воқеии манфиатҳо амалӣ мешавад. Рақамҳои дарҷгардида, бешубҳа, баёнгари он ҳастанд, ки фазои мусоиди сармоягузории мамлакат ва тавсеаи ҳамкорӣ дар амалишавии лоиҳаҳо ва расидан ба ҳадафҳои стратегии ду ҷониб судманд мебошад. Бинобар ин Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамеша дар руҳияи созанда ҳамкории беғаразу дӯстонаро идома медиҳад.