МЕҲРГОН – ҶАШНИ ФАЙЗУ БАРАКАТ! Кишоварзони Тоҷикистон дар ин рӯз дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати  мамлакат  пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд. Чунин изҳор доштааст Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназари Каримиён дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст.

Дар зер шакли пурраи маводро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Маҳз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё ва ба қатори беҳтарин ҷашнҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол ботантана  ҷашн гирифта мешавад. Алҳол аҳолии шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба ифтихори Меҳргон ҷашнҳои бузург меороянд ва дастурхонҳояшонро бо анвои меваҳо, тарбузу харбуза, сабзаҷот ва хӯришҳои дигар ороста, дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ ва рақсу бозӣ менамоянд.

Мардум Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон осудаю молу ҳолашон бегазанд бошад ва хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад.

Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, ки Меҳргон аз ҷашнҳои бостонӣ ва бошукуҳи ниёгонамон буда, рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ (23 сентябр – 22 октябр) мутобиқ ба 8-уми октябр ҷашн гирифта мешуд. Ин рӯз дар фалсафаи рӯзшумории ниёгон Меҳррӯз номида мешуд ва махсуси фариштаи Фурӯғ – Меҳр буд. Дар ин рӯз дар рӯзгорони қадимтарин ва қадим ҷашни бузурге барпо мешуд. Ба ибораи «Бундаҳишн» Машйа ва Машйинак (Одаму Ҳаввои ориён) дар чунин рӯзи муборак таваллуд ёфтаанд.

Таҷлили Меҳргон шаш рӯз идома меёфт, яъне рӯзи шонздаҳум (Меҳррӯз) оғоз ёфта, рӯзи бисту якум, ки онро Ромрӯз меноманд, анҷом мепазируфт. Бошукуҳтарин рӯзҳои ҷашн рӯзи фароварди он – Ромрӯз буд, ки онро Меҳргони Хосса меномиданд.

Бамаврид аст таъкид намоем, ки гузаштагони мо рӯзҳои моҳро на ба тариқи номгузории ҳафтаина, балки ба тарзи номниҳии ҳаррӯза номбар мекарданд. Яъне ба ҳар рӯзи моҳ номи хос дода буданд.

Дар хусуси таҷлили Меҳргони меҳровар сарчашмаҳои зиёде ба мо маълумоти гуногун медиҳанд. Аз навиштаҷоти таърихнигорони юнонӣ бармеояд, ки ин ҷашн дар замони империяи Ҳахоманишиён хеле бошукуҳ ва сурурангез таҷлил мешуд. Шаҳони ҳахоманишӣ  дар ҷашни Меҳргон либоси арғувонӣ ба бар менамуданд. Бино ба навиштаи Страбон: «Шаҳриёри Арман дар ин рӯз ба Истахр – пойтахт ҳадяҳо мефиристод».

Меҳргон дар даврони Сосониён низ ба тарзи хос ҷашн гирифта мешуд. Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон дар ин рӯз ба мардум ҳадяҳои бешумор, аз ҷумла ҷомаҳои нав мебахшиданд. Нақл аст, ки дар ин рӯз Мубади мубадон хони алвон иборат аз лимӯву шакар, нилуфару биҳӣ, себу як хӯша ангури сафед ва ҳафт дона муруд ороста, сурудхонон ва саногӯён тақдими шоҳаншоҳ менамуд. Борбади Марвазӣ вабаста ба Меҳргону моҳи Меҳр сӣ оҳанг баста, дар ҳузури шоҳаншоҳ тараннум менамуд, бархе аз он оҳангҳо то рӯзгори мо побарҷо мебошанд.

Ҷашни Меҳргон ҳанӯз дар гузаштаи дур ба василаи Роҳи Абрешим тавассути Осиёи Хурд ба Аврупо таъсири худро гузошта буд. Ин рӯзро дар Руми Қадим зодрӯзи Хуршеди мағлубнопазир низ меномиданд. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» дар хусуси Меҳргон мегӯяд: «Шонздаҳум рӯз аст аз Меҳрмоҳ ва номаш Меҳр ва андар ин рӯз Афредун зафар ёфт бар Биюросби ҷоду, он-к маъруф ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт… Ба рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он-ч аз паси Наврӯз бувад ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш…»

Дар «Шоҳнома»-и безавол низ ин ҷашн ба Фаридун нисбат дода мешавад, ки вай дар ин рӯз Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд гирифтааст ва тоҷ бар ниҳодааст:

Маҳи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносониву хӯрдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ ҳеҷ манмой чеҳр…

Мегӯянд, ки ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд.

Дар осори адибони тоҷику форси асрҳои нуҳу даҳи мелодӣ ва садаҳои баъдина дар бораи ҷашни Меҳргон, ситоиш ва ҷойгоҳи он ишораҳои зиёде мавҷуд ҳастанд. Аз ин тавсифҳои суханварони машҳур маълум мешавад, ки ҷашни Меҳргон давоми солҳои таърих ҳамеша мавриди хоссу ом будааст. Аз ҷумла сарвари шоирон устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ситоиши ҷашни Меҳргон фармудааст;

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Ҳаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.
Гул дигар раҳ ба гулистон омад,
Вораи боғу бустон омад.
Вори озар гузашта шуълаи ӯ,
Шӯълаи лоларо замон омад.

Оинҳои меҳргонӣ, хусусан дар байни кишоварзон то рӯзгори мо нигаҳдорӣ шудаанд. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардум арзишҳои волои онро дар хотираи таърихии хеш на танҳо чун дури гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён давоми ҳазорсолаҳо расму оини худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил менамуданд.