ДУШАНБЕ БА ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ САБЗТАРИНИ МИНТАҚА ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД. Бардошт аз конфронси илмӣ-амалӣ дар пойтахти мамлакат

То соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он –шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конфронс бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март- Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, 22 март- Рӯзи ҷаҳонии об ва соли 2024- Соли маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин идомаи ҷонибдории иқдоми байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои обу иқлим ва ташвиқу тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат роҳбарияти шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони шаҳрҳои ҷумҳӯрӣ, олимону коршиносони масоили экологӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Конфронс нахуст бо намоиши аксҳо ва навор, ки таҷассумкунандаи паҳлуҳои алоҳидаи ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон мебошанд, оғоз ёфт.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода дар назди иштирокдорони конфронс оид ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва ҷонибдории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон сухан намуд. Таъкид шуд, ки давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонияш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба обу иқлим ҷалб намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор эътироф гардид.

Яке аз ин ташаббусҳо, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ қабул шуд, эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошад, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳифзи пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии захираи оби сайёра мебошанд, водор намуд.

Муовини Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба «Кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон санадҳои марбута қабул намудааст. Яке аз онҳо «Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Кишвари сабз» барои солҳои 2023-2027» мебошад, ки дар асоси «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, ба коҳиш додани таъсири манфии омили инсонӣ ба муҳити зист нигаронида шудааст. Дар асоси амалӣ намудани Барномаи миллии «Кишвари сабз» дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.

Таъкид шуд, ки барои ба «Кишвраи сабз» табдил додани Тоҷикистон, бахусус пойтахти он- шаҳри Душанбе заминаҳои мусоид ва иқтидори бузург мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла, 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, инчунин Тоҷикистон аз лиҳози партовҳои газҳои гулхонаӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон дар зинаи 135 қарор дорад, ҳамзамон дар мамлакат солҳои охир дар иқтисодиёт аз манбаъҳои барқароршаванда васеъ истифода бурда мешавад.

Дар конфронс муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода доир ба ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе, имконияту иқтидори пойтахт дар самти амалӣ намудани ин иқдом сухан гуфт. Гуфта шуд, ки бо мақсади ба «шаҳри сабз» табдил додани Душанбе солҳои охир дар пойтахт якчанд тарҳи бузурги иқтисодию иҷтимоӣ амалӣ гардид. Ҷамшед Табарзода афзуд, ки аҳолии пойтахт, ки 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, давоми беш аз панҷ соли охир- аз соли 2017 таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар татбиқи барномаҳои марбут ба рушди устувори иқтисоди «сабз» дар пойтахт, нақлиёти барқии мусофиркашонӣ, инчунин суръат бахшидани раванди ободонию созандагӣ, бунёди гулгашту боғҳои нави истироҳатию фароғатӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва шаҳрнишинии сокинон тадбирҳои заррурӣ андешида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Соли маърифати экологӣ эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба баланд бардоштани маърифати экологии сокинони пойтахт, сабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳои он, шинонидани гулу бутта ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ- дар маҷмуъ ба ободонии пойтахт мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиши илмӣ–амалӣ роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, олимону муҳаққиқони соҳа дар мавзуъҳои «Душанбе-шаҳри сабз», «Иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисоди сабз», «Рафти амалишавии қатъномаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва нақши стратегии онҳо дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист», «Ташаббусҳои обии Тоҷикистон–заминаи мусоид барои таҳқиқоти илмӣ», «Тоҷикистон –пешоҳанги масоили омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» маъруза намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббуси сабз ибрози назар намуданд.

Иштирокдорони конфронс атрофи масъалаҳои мубрами ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист ва нақши шаҳрҳо дар амалӣ намудани ташаббусҳои сабз, хусусан таҷрибаи шаҳри Душанбе табодули афкор намуда, пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.

 

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»