«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун пешниҳод мегардад

Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар он ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 20 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Шоҳҷоиза бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ ба донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ сазовор дониста шуд.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун пешниҳод мегардад.