«АНДАЛЕБ-2023». Имрӯз дар фестивал-озмун санъаткорону ҷавонони боистеъдоди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳунарнамоӣ намуданд

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ маросими оғози даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» доир  гардид. Дар ин давр  санъаткорону ҷавонони боистеъдоди шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳунарнамоӣ намуда, расму оин, урфу одат, маросими хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу сурудҳо манзури ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мақсад аз баргузор намудани Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»-2023- ин намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, ба ин васила баланд бардоштани худшиносии миллӣ, тақвияти ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» аз 11 то 18 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

11 август фестивал байни ҳунармандони  шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардида , 12 август шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, 13 август ноҳияи Хуросон ва ноҳияи Шуғнон, 14 август шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯшон, 15 август ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ноҳияи Мастчоҳ, 16 август ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Файзобод ҳамарӯза соати 18:00 фестивал-озмунро манзури тамошобинони пойтахт менамоянд.

Инчунин 17 август, аз соати 09:00 то 20:00 тамрини гурӯҳҳои ҳунарӣ ва 18 август, соати 18:00 барномаи фарҳангии гулчини фестивал ва маросими мукофотсупорӣ дар назар аст.