««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. АМИТ «Ховар» таҳти ин унвон пажуҳишҳои тозаи адибону олимон ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон мегардонад

Агентии  миллии иттилоотии  Тоҷикистон «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти сарлавҳаи ««Шоҳнома»- мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллӣ» пайваста пажуҳишҳои тоза ба тозаи аҳли илму адаб ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон намояд.

Ин иқдом ба он вобаста аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров чун анъанаи шоҳони гузаштаи миллати тоҷик ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Дар робита ба ин мавзуъ андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насруллоро манзури хонандагони сомона мегардонем.

— Иқдоми навини  ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон-  ҳадяи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар хонадон падидаи нави дурахшон дар ҳаёти маънавии сокинони  мамлакат гардид, ки ҳамто надорад. Ин иқдом идомаи ҳамон ташаббусҳои дурбинонаву ватандӯстонаи   Президенти Тоҷикистон аст, ки на танҳо ба тарбияи ватандӯстона, баланд бардоштани  эҳсоси ватандории мардум, балки ба боло бурдани сатҳи маънавӣ, ҷаҳонбиниву дунёшиносии сокинони мамлакат нигаронида шудааст.

Миллати тоҷик, ки ҳамеша ба ин шоҳасари таърихӣ арҷи баланд мегузошт ва шоҳномахонӣ яке аз шуғлҳои писандидаи халқи мо буд, имрӯз дар фурӯғи дурахшони ин иқдом бо ангезиш ва эътиқоду эътимоди нав рӯ ба ин шоҳасари безавол овардааст. Имрӯз «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, ки беҳтарин василаи худшиносии миллӣ ва огоҳӣ на танҳо аз таърих, балки аз ҳама фарҳангу илмҳо, фазилатҳои инсонӣ  ва самтҳои фарогири зиндагӣ аст, боз ҳам таваҷҷуҳи хонандагони ҳамаи синнро ба худ ҷалб менамояд.  Мо аминем, ки ин иқдоми дурбинонаи Президенти Тоҷикистон, мисли ҳама иқдоми фарҳангиву маънавии пешинаашон фазои дигари китобдориву китобхонӣ,  ватандориву ватандӯстиро дар ҷумҳурӣ фароҳам меорад. Имрӯз  мо аллакай ин падидаро эҳсос менамоем.

Албатта, тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонадон тасодуфӣ нест. Ончуноне, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон тақдим гардид ва сабаби хонишу омӯзиши фарогир дар саросари мамлакат шуд. Он ҳамчунин озмунҳое ба бор овард, ки ин китобро  на танҳо китоби рӯимизии мардуми мо намуд, балки мутолиаи фарогири он аз ҷониби мардум барои худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ватаншиносиамон саҳми бебаҳо гузошт. Мо аминем, ки тақдими «Шоҳнома» низ чунин ангезиш ва шояд бартар аз онро ба бор орад.

Омӯзиши «Шоҳнома» уфуқҳои тозатару фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад. Ҷойи баҳс ҳам нест, ки ин иқдом ва ташаббусҳои дигари Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории озмунҳои «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Фурӯғи  субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат»- ҳама дар якҷоягӣ сатҳи фарҳангиву маърифатии мардуми моро хеле  боло мебардоранд ва саҳми бузурге дар боло рафтану ғанӣ гардидани маънавиёти мо мегузоранд. Ва ин ҳам падидаи дурахшони даврони Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони мо ба шарофати чунин сиёсати давлатӣ руҳияи умумии омӯзиш ва баланд бардоштани маърифат ба таври фарогир зуҳур намудааст.

Ёдовар мешавем, ки «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ (935 — 1020) яке аз шоҳкориҳои адабиёти тоҷик аст. Фирдавсии бузургвор зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офаридани ин китоби нодир сарф намудааст. Ҳаким Фирдавсӣ асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва мутамаркази тоҷикон – Сомониён дар натиҷаи кашмакашҳои дохилӣ ва таҳдиди аҷнабиён рӯ ба парокандагӣ ниҳода буд.

Бино ба гуфтаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, «Шоҳнома» дорои 60 ҳазор байт буда, 120 ҳазор мисраъро ташкил медиҳад.
Ба қавли шоир:

Биноҳои обод гарданд хароб,
Зи борону аз тобиши Офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад-ин нома бас солҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.