ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА-МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ. Таҳти ин унвон Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуд
Нашр шуд. Пан, 20/07/2023 - 09:48
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳти унвони «Воситаи ахбори омма-муқобили коррупсия» оид ба тарғиботи зиддикоррупсионӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.
Ба озмун мақолаҳое қабул мешаванд, ки дар...


19 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар нахустин вохурии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ташриф оварданд.
18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои халиҷи Араб вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.


Ҳаҷми умумии сармоягузории Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он беш аз 80 миллион сомонӣ сармояи мустақим мебошад. Чунин зикр шуд дар Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Шуруъ аз 1 июл дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст.
13 июл дар доираи ҳамоиши ҷумҳуриявии Корвони «Модарони ваҳдатсаро» як гурӯҳ занону бонувон бо ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.



