ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА-МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ. Таҳти ин унвон Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намуд

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳти унвони «Воситаи ахбори омма-муқобили коррупсия» оид ба тарғиботи зиддикоррупсионӣ озмуни ҷумҳуриявӣ  эълон намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Ба озмун мақолаҳое қабул мешаванд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 дар мавзуи мубориза бар зидди коррупсия нашр гардидаанд.

Барои ҷои якум – 7 000 сомонӣ, ҷои дуюм – 4 000 сомонӣ, ҷои сеюм – 2 000 сомонӣ ҷоиза муқаррар гардида, фаъолон низ бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.

Мақолаҳо барои иштирок дар озмун дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 декабри соли равон қабул карда мешаванд. Пешниҳоди рӯзнома ё маҷалла бо мақолаи нашргардида ҳатмӣ мебошад.

Озмун моҳи декабри соли 2023 ҷамъбаст мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд тариқи телефонҳои 221 40 65, 221 03 00 тамос гиранд ё ба воситаи почтаи электронии raysati_tnm@mail.ru мақолаҳояшонро ирсол намоянд.