Ахбор

Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо бо навтарин техника ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ ифтитоҳ шуд, ки дар он Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ҷойгир гардидаа

ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Онҳо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд

Ҳанӯз дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мушкилиҳо ба назар мерасанд. Бештари онҳо дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барои ҳифзи ин мавзеъҳо бояд масъулият эҳсос намоянд, аммо на ҳамеша чунин аст. Аз беаҳамиятии онҳо баъзан замини ёдгориҳо барои сохтмон ё замини кишт истифода мешаванд.

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот доир шуд

Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар оғози мулоқот нахуст сурудҳои миллии ҳарду мамлакати дӯсту бародар садо доданд.  Дар ин хусус мухбирони АМИТ «Ховар» хабар медиҳанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ мақсади ин ҳамоишро ҳамандешагӣ ва ҳамкорӣ байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ду давлати дӯст — Тоҷикистон ва Эрон унвон намуд.

Зимни мулоқот ҳамкорӣ байни ин мамлакатҳо бо иродаи сиёсии Сарварони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  муҳтарам Иброҳим Раисӣ  неку ояндадор маънидод гардид.

Дар ҳошияи COP28 ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд

Тоҷикистон тавассути чорабиниҳо, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба масъалаҳои об ва тағйирёбии и

Страницы