Ахбор

«МЕҲРГОН ОМАД, АЗИЗОН, МЕҲРУБОНИҲО КУНЕД…». Имрӯз дар Душанбе ин ҷашни ниёгон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон- мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии мо бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин ҷамъомади идона.

Дар ин рӯз ҳамчунин Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали...

Пешвои миллат: «Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад»

Дар Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад.

«Воқеан, бояд гуфт, ки мардуми куҳанбунёди мо барои ҳар як фасли сол як ҷашн ихтисос додаанд, яъне ҷашнҳои чоргонаро асос гузоштаанд», — иброз доштанд Сарвари давлат. Дар идома тазаккур дода шуд, ки Меҳргон дар масири...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Меҳргон, ки аз қадимулайём дар миёни мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо ҳамчун рамзи ҷамъбасти натиҷаҳои заҳмати кишоварзон ва айёми баракату фаровонии дастархони ҳар як хонадони Ватани муқаддасамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада...

МЕҲРГОН – ҶАШНИ ФАЙЗУ БАРАКАТ! Кишоварзони Тоҷикистон дар ин рӯз дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати  мамлакат  пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд. Чунин изҳор доштааст Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази...

Страницы