ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд
Нашр шуд. Ҷум, 15/03/2024 - 16:29Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мо аст, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва тибқи маълумот, ин ҷашн дар рӯзгори шоҳаншаҳии ӯ оғоз гардидааст. Мутмаин ҳастам, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бистуяк ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст. Бинобар ин, Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.
Чунин нигоштааст академик Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш бахшида ба ин ҷашни миллии тоҷикон.