Ахбор

Оғози сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

04.04.2024 11:40, шаҳри Душанбе

4 апрел Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ҷойгир аст, гулчанбар гузошт.

Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон ташриф овард

Субҳи имрӯз Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи  Садриддин  Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ҳамоиш бахшида ба ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, намоядагони вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Ин рӯзҳо дар густариши муносибатҳои дӯстӣ  байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон ба ин восита  равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  густариш меёбад.

Страницы