Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
Нашр шуд. Чор, 18/06/2014 - 14:08
Тафсилоти бештари масоили вобаста ба рушди ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.
Бо изҳори ҳавасмандӣ ба тавсиаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зарурати саҳл намудани имконоти ҳамлу нақл ва транзитӣ, дарёфти роҳҳои нави иртиботӣ таъкид гардид.

Барномаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз ёфт.
Душанбе, 10.06.2014 - Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Латвия дар музокироти расмии сатҳи олӣ идома ёфт.
Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Тоҷикистон бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат ёфт. Барои истиқболи расмӣ аз меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.



