Э. Раҳмон ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ кори пурсамар хост
Нашр шуд. Ҷум, 12/09/2014 - 11:26
Имрӯз шаҳри Душанбе макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гашта, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷаҳон қарор гирифтааст, зеро ҷараёни ин ҳамоиши бузург аз ҷониби тамоми васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ, ки беш аз 500 нафар намояндагонашон бевосита дар пойтахти Точикистон қарор доранд, инъикос мегардад.
Дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши дорои аҳамияти бузурги минтақавию ҷаҳонӣ дар шаҳри

Имрӯзҳо шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф овардаанд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ дорад.
Субҳи имрӯз, қабл аз оғози ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба ҳайси роҳбари кишвари нозир дар ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.



