Мулоқот бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош
Нашр шуд. Душ, 27/10/2014 - 16:21
Дар суҳбат бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: -“Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷонибаи худ бо Амороти Муттаҳидаи Араб қаноатманд ҳастем ва омодаем, ки барои таҳкиму густариши бештари онҳо саъю талош варзем”.
Зикр гардид, ки Аморот дар байни кишварҳои араб имрӯз шарики бузургтарини тиҷоратии

Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва робитаҳои судбахши Тоҷикистону Мамлакати Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Зимни мулоқот бо Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.
Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.



