Машварати корӣ дар шаҳри Хоруғ
Нашр шуд. Пан, 30/07/2015 - 16:42
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ бо аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилоят, роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят вобаста ба рафти корҳои барқарорсозӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати корӣОғози сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ
Нашр шуд. Пан, 30/07/2015 - 09:41
Нимаи дуюми рӯзи 29 – уми июл баъди мулоқот ва суҳбати самимию созанда бо сокинони ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари корӣ ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф овард.Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Барои ин шумораи зиёди сокинони шаҳр, пиру барно ба истиқболи пешвои ғамхору раҳнамунсоз Эмомалӣ Раҳмон бо
Гузоштани санги асоси бунёди НБО “Себзор” ва мулокот бо сокинони ноҳияи Роштқалъа
Нашр шуд. Чор, 29/07/2015 - 16:54
Дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асоси бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар саросари кишвар бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обиро ба роҳ мондааст.





