Ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма
Нашр шуд. Сеш, 01/03/2016 - 12:28
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма - Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, Муассисаи давлатии телевизиони Синамо ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умумро ифтитоҳ намуд.Мавриди зикр аст, ки таъсиси муассисаҳои нави
Сомонаи телевизиони «Варзиш» фаъол гардид
Нашр шуд. Сеш, 01/03/2016 - 10:21
Телевизион «Варзиш» сомонаи интернетии худро дар шакли омӯзишӣ дар нишонии www.varzishtv.tj ба кор даровард.
Бояд ёдовар шуд, ки санаи 23-юми сентябри соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии телевизиони Варзиш таъсис дода шуда буд.
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори 23 - юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ
Нашр шуд. Сеш, 23/02/2016 - 08:19
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!Ҳамватанони азиз!
Бисту се сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ - ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.
Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи
Эй Пешвои миллат!
Нашр шуд. Шан, 20/02/2016 - 10:29
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Эй Қаҳрамони миллат,
Зўру тавони миллат
Гардида решапайванд
Ҷонат ба ҷони миллат
Хуш гуфтааст шоир: "Бо ҷанг ҷанг кардӣ",
Дар ҳифзи нанги миллат додӣ ту доди мардӣ,
Дар ҷодаи ҳақиқат бо азм раҳ сипардӣ,
Оре, ту бо ҷаҳолат як умр дар набардӣ,
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рўзи сахтӣ мушкилкушои миллат.





