Маросими истиқбол аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
Нашр шуд. Якш, 26/06/2016 - 08:08
Сокинони шахри Хоруғ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо садоқату муҳаббати бепоён, самимияту ифтихори бузург пазироӣ намуданд.Нахуст меҳмони олимақом, Президенти мамлакат, Пешвои Миллат Эмомали Рахмонро аҳли ҷамоатчигӣ, собиқадорони меҳнат бо шукргузории бепоён аз сиёсати бунёдкоронаю созанда ва ободии пай дар пайи ин гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Муҳтарам намояндагони мардуми ноҳияи Рӯшон!
Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карда, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард.



