Таҷлили 19 – умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ (ВИДЕО)
Нашр шуд. Пан, 30/06/2016 - 08:22
Санаи 27 – уми июни соли 2016 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантанаҳои бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд.Нашри маводи конфронси «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ва даъвати хабарнигорон барои омӯзиш дар Академияи ВАО
Нашр шуд. Чор, 29/06/2016 - 13:55Нашриёти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи конфронсеро, ки 12 маи соли равон дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, ба нашр расонд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зимни мулоқот бо
Боз як тантанаи дӯстӣ дар варзишгоҳи Хоруғ
Нашр шуд. Чор, 29/06/2016 - 11:41
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ширкати беҳтарин овозхонон ва гурӯҳҳои ҳунарии ҷумҳурӣ консерти бошукӯҳ баргузор шуд, ки дар он бештар аз 10 ҳазор тамошобин ширкат намуданд. Дар рӯзи 27 июн дар ин варзишгоҳ барномаи адабӣ-мусиқӣ доир гашт, аммо бо сабаби камбуди ҷой аз нисф бештари мухлисон натавонистанд ба дидори ҳунармандони
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нашр шуд. Сеш, 28/06/2016 - 11:35
28 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мулоқот кард.




