Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
Нашр шуд. Душ, 29/08/2016 - 14:11
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳоиСупоридани мукофоти давлатӣ ва тақдими ҷоизаи пулӣ ба варзишгар Дилшод Назаров
Нашр шуд. Ҷум, 26/08/2016 - 20:36
Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилошод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тилоии Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфтанд.Гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров дар Рио – 2016 медали тиллоро ба даст овард
Нашр шуд. Шан, 20/08/2016 - 07:44
Гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба гурзандозӣ тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78.68 м партоб намуда, медали тиллоро ба даст овард.
ИН ҒАЛАБА БА КУЛЛИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД!!!
ОФАРИН ДИЛШОДҶОН!!!
Дилшод Назаров ба даври финалӣ роҳ ёфт
Нашр шуд. Чор, 17/08/2016 - 22:47
Шоми имрӯз соати 19:05 бо вақти Душанбе гурзандози шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба гурзандозӣ тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат варзид.
Ӯ гурзро ба масофаи 76.39 метр партоб намуда, дар гурӯҳи худ бо ишғоли ҷои сеюм ба даври





