Тасдиқи рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз-2017
Нашр шуд. Душ, 30/01/2017 - 16:24
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуд.
Вазорату идораҳо, муассисаву ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе аз рамзи мазкур истифода намоянд.

Муҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ!
Имрӯз дар Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд..



