НАВРЎЗИ АҶАМ: дари мардуми ориёӣ ҳамеша барои меҳмон боз буд…
Нашр шуд. Шан, 18/03/2017 - 11:22
Наврўзро ҷашни табиат гуфтаанд, зеро дар робитаи мустақим бо гардиши Замин ба даври Офтоб буда, рўзи аввали моҳи Фарвардин маҳсуб мешавад ва ба қавли донишмандони пешин «расидани Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал ва ибтидои баҳор аст». Болотар аз ин, ҷашни мазкур аз муқаддасоти оинӣ низ бархўрдор аст. Мутобиқ ба эътиқодоти бостонии мардуми мо одоби ин ҷашн бар асоси ангезаи накўдошт ва посдорӣ аз муҳити зист бино ёфтааст.

Вақте дар бораи Наврӯзи оламафрӯз меандешем, сарнавишти пурифтихору сурурангез ва гоҳо пурфоҷиаи ин суннати неки аҷдодӣ, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад, ёдамон меояд. Бахусус замони Шӯравӣ , ки ин ҷашни фархунда расман манъ шуда буд ва то охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта анқариб касе аз он ёд намекард. Вале ҳеҷ таъқиб ва манъ карданҳo
15.03.2017 11:40, шаҳри Душанбе 



