Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Вахш

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои барзгарони ин ноҳия шинос гардиданд.
Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш нахуст аз Хоҷагии деҳқонии «Маҷид» боздид ба амал оварданд.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Вахш

Дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бо шароити таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои кӯдакони лаёқатманд, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, шинос шуданд.

Оғози фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо дар маркази ноҳияи Вахш

Имрӯз дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо расман оғоз бахшиданд. Пешвои миллат бо шароити фароҳамовардашуда дар марказ ошно шуда, бо масъулину ҳунаромӯзон суҳбат карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Бояд шукронаи истиқлолияту озодӣ карда, ба хотири таҳкими пояҳои давлатдориамон аҳлона заҳмат кашем»

«Ҳамаи шумо аз вазъи торафт мураккабшудаистодаи ҷаҳони муосир огоҳӣ доред. Илова ба раванди ҷаҳонии гармшавии иқлим ва оқибатҳои он, ки инсониятро бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ кардаанд, солҳои охир доираҳои муайяни манфиатҷӯй ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористиро маблағгузорӣ ва ба иҷрои нақшаҳои хатарноки худ сафарбар намуда истодаанд». Чунин иброз намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон.

Страницы