Ифтитоҳи бинои нави Маркази ҷавонон дар ноҳияи Дӯстӣ
Нашр шуд. Пан, 17/08/2017 - 13:37Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар вазъи мутантан бинои нави Маркази ҷавононро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлатро дар саҳни бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавонон насли хуштолеи замони истиқлол — ҷавонони ноҳия бо самимият ва муҳаббати хосса истиқбол намуданд.

Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд. Дар ин бора маҷаллаи бритониёии “Wanderlust travel» 12 августи соли 2017 хабар дода, афзудааст: «Тоҷикистон 4-умин кишвари ҷаҳон аст, ки низоми осонтарини раводид дорад».



