Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шан
Нашр шуд. Шан, 02/09/2017 - 08:55
Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқотҳои судбахш анҷом доданд.
Дар шаҳри Пекин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шанро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз 30 август то 1 сентябри соли 2017 бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд. Ин мулоқоти дуюми сарони ду кишвари дӯст дар соли равон мебошад.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дирӯз, 31 август Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Муҳтарам ректори Донишгоҳи Синхуа,



