Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нашр шуд. Чор, 13/09/2017 - 17:52Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Ҳамватанони азиз!
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 расман оғоз бахшиданд. Дар саҳни мактаб Пешвои миллатро омӯзгорону толибилмон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.



