Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
Нашр шуд. Пан, 16/11/2017 - 10:24Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

«Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
«Мо дар ҳамин иҷлосия роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро муайян кардем, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Кӯҳро, вақте дар домонаш истодаӣ, намедонӣ, ки хурд аст ё бузург. Азамату ҳашаматашро замоне пай мебарӣ, ки онро аз дуродур, дар радифи дигар пастию баландиҳо бубинӣ.



