Ифтитоҳи коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»
Нашр шуд. Пан, 16/11/2017 - 17:15
Дар рӯзи аввали сафар ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар матни таърихи сиёсии охири садаи ХХ як ҳодисаи ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт буд. Дарку тасаввури ин воқеият роҳбарият ва мардуми ҷумҳуриҳои иттифоқиро лолу ҳайрон гардонид. Маълум буд, ки замони парокандагӣ фаро расидааст. Акнун ҳар ҷумҳурӣ сари танҳо вориди марҳилае гардид, ки дар он масъалаи ноил шудан ба ягонагӣ, якпорчагӣ ва сарҷамъии воҳидҳои



