Ифтитоҳи Корхонаи муштараки «Муосир» дар ноҳияи Данғара

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд.

Оғози фаъолияти навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»

Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Данғараро ба муносибати оғози фаъолияти марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара»-корхонаи муосири ресандагӣ ва оғози сохтмони корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки фардо таҷлил мегардад, табрик менамоям.

Ба истифода додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»

5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуданд.

Страницы