АМРИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Шан, 20/02/2021 - 16:01
- Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 баргузор карда шавад.
- Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
- Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмун тадбир андешанд.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳр

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли ҷорӣ 2 540 000 сомонӣ ба таври нақд ҷудо карда мешавад.




